+29° Kechasi +17°
Farg'ona (Bugun, 5 oktabr)
Bugungi valyuta kurslari:

$ 12 741.02 so'm (-16.92 so'mga)
134.38 so'm (-0.68 so'mga)
14 062.26 so'm (-63.33 so'mga)
19-01-2024, 11:36
85

Дар бораи аҳамияти забони модарӣ

Оре, ин баҳс ва ин гуфтугӯ миёни рӯшанфикрон, одамони бохирад матраҳ нест ва нахоҳад шуд, чун ҳамаи инсонҳои огоҳ гом ба сӯи рӯшанӣ бардоранд ва андешаҳои мунир чунин торикӣ намепазирад. Вале ҳар кас ҳам рӯшанфикру огоҳ нест, ба вижа дар ҷомеаи мо, ки аксар пайи сер кардани шиками хеш ҳастанду рисолати  худро дар ин ҳастӣ, ба ибораи Лоиқ: "хӯрдани ғами гову бузу бузғола" ва сер кардани шикамҳошон медонанд. Ҳарчанд бо чунин тафаккур ва дар чунин фазои зиндагии эшон, ба онҳо ҳарф аз фарҳангу забони модарӣ задан, баробар ба ёвасароӣ ва ҳарзагӯист, андешаи онҳо дар мавриди забони модарӣ намегузорад, ки даҳон во накунӣ. Дар бештар маврид, таъкид бар ин доранд, ки агар дар Ӯзбекистон зиндагӣ дорӣ, забонат бояд забони давлатӣ бошад, бад-ин бигӯӣ, бишнавӣ, бизийӣ, бимирӣ ва камтарин арзише надорад, ки чӣ забони модарӣ дорӣ ва ҳатто, ту онро ба-ла-дӣ? Ва барои тақвияти фикрҳои хеш ҳарф аз бо забони давлатӣ будани забони бештари донишгоҳҳо, забони коргоҳҳову бемористонҳо ва дигару дигар мезананд, ки ин ҳам агар "ғами гову бузу бузғола" набошад, фаротар аз як доираи танги пиндор нест.
       Дар зиндагии одам забони модарӣ агар ин қадр муҳим нест, бо чунин содагӣ пурсишеро метавон ба по гузошт, ки чаро Худованди карим аҳли башарро саросар бо як забон наофарид? Чаро хар қавмро хар забоне?
Ва бо хамин содагӣ метавон мутмаин шуд, ки забони модарӣ барои ҳар қавм аз офаридаҳои Офаридгор аст ва муқаддас пиндоштану азиз нигоҳ доштани он ба мисли фарзҳои як мӯъмин дар назди Худо, ҳатман, бояд басар шавад. Вагарна гуноҳи бузурге хоҳад буд ба андозаи розӣ набудан ба сарнавиште ки худованд барои инсон, ҳануз дар тани  обистане навишта буд. Худованд ба одам хоҳиши интихоби забонро надода, забони ӯро забоне, ки бад-он лолоии модар нахустин хоби ӯро дар ин дунё ба чашмонаш мебарад, қисмат кардааст. Агар розӣ будан ба сарнавишти худ аз имон аст, пос доштану некӯ нигоҳ доштани забони модарӣ низ аз имон аст.

Охири сухан

Рузе аз сафарам дар Русия, сӯхбате бо як марди ғайрирус доштам. Хангоме ки ӯ номашро Влодимир шинос кард, шигифтизада шудам ва ин тааҷҷуб водор сохт то бо ӯ суҳбати бештаре дошта бошам. Баъди чанд лаҳза, ки бо Ӯ дар бораи қавмашу зодгоҳаш сӯхбат кардем, дарк кардам, ки дунёи онҳо русӣ будааст. Ӯ ҳатто иқрор шуд, ки забони модариашро намедонад, аҳли хонавода бо русӣ ҳарф мезадаанд. Ному насабашон русӣ будааст.
Холаш бад набуд, маълум буд, ки ранги русҳо зисту зиндагонӣ дорад, фақир набуд. Он чие ки ман аз он марди дар рӯбарӯям нишаста эҳсос кардам, мепиндошт, ки ӯ рус аст, вале дар ҷомеаи бузурги рус ӯро рус намедонистанд, ӯ танҳо як русизабон буд. Ман аз фоҷеае, ки дар рӯбарӯям медидам, дилам таҳ кашид. Фоҷеа ин буд, ки ӯ фарҳанг надошт.
Бехтарин чизе ки одам дар ин дунё дорад фарҳанг аст. Куҳҳо, дарёҳо, растаниҳо, ҳайвонҳо фарҳанг надоранд, ба ҷуз инсон. Худованд танҳо инсонро сазовори фарҳанг дониста. Ин фарҳанг аст, ки пиндору гуфтору кирдор, одобу ахлоқи моро бар шиносномаи миллати мо рақам мезанад ва бозгӯи ин ки чӣ касем мо. Мо тоҷикон - мардумони эронитабор фарҳанги чорҳазорсола дорем. Ва ин фарҳанг бо ҳамин забони модарии мо гуфта шуда, навишта шуда. Мо як навиштаи ҳазор сол пеши ниёконаморо бар хилофи дигар миллатҳо, бидуни баргардон мефаҳмем, ки ин далели бузургии забони модарии мост.
Пос доштану омӯхтану донистани забони модарӣ, пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба модар аст. Ба ҷуз падари худ дигареро падар нагӯем, эҳтироми модар кунем.
Зинда бод забони модарӣ!


Ҳасанхон Акбаров 
Донишҷӯи бахши суханшиносӣ,  Донишгоҳи давлатии Фарғона